Парвозҳои мунтазам миёни Душанбе ва Тошканд аз чаҳоруми апрел оғоз мешаванд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкМусофирон ҳангоми нишаст ба ҳавопаймо, акс аз бойгонӣ
Мусофирон ҳангоми нишаст ба ҳавопаймо, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати ҳавопаймоии Узбакистон фурӯши билет барои нахустин парвозро оғоз кардааст

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Ширкати ҳавоии "Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ" торихи ниҳоии оғози парвозҳои мунтазам аз Тошканд ба Душанберо эълом кард.

Бино ба гузориши "РИА Новости", нахустин парвоз 4-уми апрел соати 7:20 оғоз хоҳад шуд. Аз он пас ҳавопаймоҳои "Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ" ҳафтае ду бор аз Тошканд ба Душанбе парвоз хоҳанд кард.

Дар билетфурӯшии ширкати мусофирбарии ҳавоии Узбакистон эълом кардаанд, ки "фурӯши билетҳо барои нахустин парвоз оғоз ёфтааст".

Ёдовар мешавем, ки нахустин парвози озмоишӣ дар масири Душанбе — Тошканд пас аз 25 солро 10 феврали 2017 ширкати "Сомон Эйр" анҷом дод, ки расонаҳо онро "парвози торихӣ" номиданд. Пас аз он қарор буд, парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар 20-уми феврал аз сар гирифта шаванд. Аммо ин парвоз ва парвозе ҳам ки қарор буд 23-уми феврал сурат бигирад, анҷом нагирифтанд.

Лентаи хабарҳо
0