ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯби сафар ба Исфара имрӯз аз осоишгоҳи "Зумрад" низ боздид кард ва бо раванди навсозии он ошно шуд.
Дафтари матбуъотии расиҷумҳур иттилоъ медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин осоишгоҳ хишти авали сохтмони меҳмонхонаи наверо низ гузошт.
Бино бар тарҳе ки ба раисҷумҳур муаррифӣ карданд, ин сохтмон як таҳхона ва 6 ошёна хоҳад дошт. Дар таҳхона утоқҳои ташхису дармон ва муҷаҳҳаз ба таҷҳизоти муосир дар назар дошта шудааст. Дар ошёнаи якум пазиришгоҳ ва утоқҳои пазириши пизишкон ва ҳамчуинн толори варзиш, доруфурӯшӣ, рӯзномафурӯшӣ, ороишгоҳ ҷой хоҳанд гирифт. Дар ошёнаи дувум маҷлисгоҳу ошхона ва дар ошёнаҳои болоӣ утоқҳои иқоматӣ барои 300 меҳмон бо ҳуҷраҳои як ва дунафара дар нақша гирифта шудааст. Утоқҳо бо меъёрҳои муосир бунёду муҷаҳҳаз шуда ва ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст карда хоҳанд шуд. Боми сохтмон низ барои истироҳат ва анҷоми офтобдармонӣ пешбинӣ шудааст.
Осоишгоҳи "Зумрад" дар назар дорад, ки дар ду соли оянда барои истироҳату дармони 1200 меҳмон шароит фароҳам оварад. Иҷрои ин тарҳ 300 касро дорои кор хоҳад кард.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо тарҳи Маркази ташхисӣ-пизишкӣ ва давлатсаро барои пазироӣ аз меҳмонони баландпоя ошно шуд. Ин давлатсаро дар масоҳате 5,6 ҳектор бунёд карда хоҳад шуд ва аз меҳмонхона, дармонгоҳ, рестурон, майдони варзишӣ, истахрҳои тобистона ва зимистона, толорҳо барои баргузории гуфтушуниду нишастҳо, фаввораю гулгаштҳо ва дигар бунгоҳҳои хидматрасонӣ иборат мебошад.