ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Сар аз якуми июл дар Русия ислоҳоти воридшуда дар "Қонуни ҳамлу нақли умумӣ" иҷроӣ мешаванд, ки бар асоси он корфармоён дигар ҳаққ нахоҳанд дошт ронандаҳои дорои гувоҳиномаи хориҷиро ба кор бигиранд.
Ин қонун шаҳрвандони дорои худрави шахсиро шомил намешавад. Он пеш аз ҳама ронандаҳои токсӣ ва василаҳои мусофирбарии умумии шаҳрио дар назар дорад.
Агар корфармое риск кунаду ронандаеро ки гувоҳиномаи хориҷӣ дорад, ба кор бигирад, давлат ӯро 50 ҳазор рубл ҷарима хоҳад кард.
Акнун ронандаҳои хориҷӣ се моҳ фурсат доранд, ки дар омӯзишгоҳи ронандагӣ аз озмун бигзаранд ва гувоҳиномаи русӣ бигиранд. Гуфта мешавад, ки 20 дарсад аз ронандаҳои василаҳои нақлиёти умумӣ дар Маскав бо гувоҳиномаҳои хориҷӣ кор мекунанд
Аммо ин қонун барои шаҳрвандони хориҷӣ мушкили дигаре пеш меорад: агар, масалан, ронандае хоста бошад аз ҳамин имрӯз гувоҳиномаашро дар Пулиси роҳнамоиву ронандагӣ (ГИБДД) нав кунад, дар се моҳ ҳам наметавонад гувоҳиномаи русӣ дарёфт кунад. Зеро ГИБДД бояд аз пулиси он кишвар дурустии гувоҳиномаи ӯро пурсуҷӯ кунад ки бисёр замонбар аст.
Ба гуфти роҳбари созмони "Таксист" Ярослав Шербинин, ҳамакнун бисёре аз токсиронҳо дар Маскав гувоҳиномаҳои ронандагии Тоҷикистон, Узбакистон ва ё яке дигар аз кишварҳои ҳамсудро доранд. Бисёре аз ин ронандаҳо ғайрирасмӣ кор мекунанд ва худравҳоро кироя кардаанд. Аз ин рӯ, бино бар қонунгузории Русия, онҳо ҳаққ надоранд дар шабакаи ҳамлу нақли умумӣ кор кунанд.