ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар Исфара якчанд бунгоҳи иқтисодиву иҷтимоъии навбунёдро ба баҳрабардорӣ хоҳад расонд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳур, вай нахуст дар маросими роҳандозии корхонаи "Баракат Исфара" ширкат хоҳад кард. Ин корхона бо сармояи корофариноне бунёд шуда, ки дар Русия кор ва фаъолият мекунанд. Дар ин корхона, ки хешкорияш коркарду бастабандии хушкбор (меваҳои хушккардашуда) аст, 70 кас кор мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маросими бозкушоии "Боғи Сайфуддини Исфарангӣ" ширкат кард. Ин боғи фараҳангӣ-гардишӣ бо ҳазинаи беш аз 4 милюну 200 ҳазор сомонӣ аз роҳи ҳашари мардумӣ бо пуштибонии молии корхонаҳои санъатӣ, созмонҳову муассисаҳо ва соҳибкорони Исфара бозсозӣ шудааст.
Раисҷумҳур ҳамчунин мо мардуми шаҳр дидору гуфтугӯ кард.