ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва дигар масъулону намояндагони ҳукумати вилоят пешвоз гирифтанд.
Раисҷумҳур Раҳмон дар ин сафари корӣ афзун бар ширкат дар барномаҳои ҷашни Наврӯз, ҳамчунин бо рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва кишоварзӣ ошно хоҳад шуд. Вай ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи бархе аз сохтмонҳо ва оғози сохтусози бархе дигар ширкат карда ва бо сокинону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидору гуфтугӯ хоҳад дошт.