Ясмина - кӯдаке ки тасвираш "Tehran Magazine"-ро оро дод

© Фото : Аз бойгонии Ясмина ОшурмамадЯсмина Ошурмамад дар Амрико
Ясмина Ошурмамад дар Амрико - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ясмина Ошурмамад чаҳорсола аст, вале бо ҳамин хурдсолияш низ аз дер боз дар миёни форсизабонони Амрико ном баровардааст

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik.  Ошурмамад Аслимамад — падари Ясмина — дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки яке аз виросторони маҷаллаи "Tehran Magazine" Ясминаро дар яке аз барномаҳои наврӯзӣ дидаву акс гирифта буд.

Вай мегӯяд: "Парасту Айдаршо, ки ҳамакнун дар Амрико дар заминаи коргардонӣ фаъолият дорад, гаҳ гоҳе Ясминаро бо худ ба ҷашнвораву озмунҳои гуногун мебарад. Рӯзе ӯро бо худ ба ҷашни наврӯзии эрониён бурда буд. Ҳамон ҷо яке аз виросторони баландпояи маҷалла Ясминаро бо пӯшоки тоҷикӣ дидаву писандида ва аз ӯ барои рӯи ҷилди маҷалла акс гирифта буд".

© Фото : Аз гурӯҳи Pamir newsМаҷаллаи "Tehran Magazine" тасвире аз Ясминаро рӯи ҷилди шумораи махсуси наврӯзии худ ҷой дода ва ӯро "мазҳари покиву маъсумият" хондааст
Маҷаллаи Tehran Magazine тасвире аз Ясминаро рӯи ҷилди шумораи махсуси наврӯзии худ ҷой дода ва ӯро мазҳари покиву маъсумият хондааст - Sputnik Тоҷикистон
Маҷаллаи "Tehran Magazine" тасвире аз Ясминаро рӯи ҷилди шумораи махсуси наврӯзии худ ҷой дода ва ӯро "мазҳари покиву маъсумият" хондааст

Ясмина бо ин ки чаҳор сол дорад, вале аз дер боз дар миёни форсизабонони Амрико шинохта шудааст. Ӯ ягона фарзанди хонавода нест ва боз хоҳаре низ дорад, ки ҳамакнун яксола аст.

Ошурмамад мегӯяд Ясмина рақсу сурудро бисёр дӯст медорад.

"Боре аз ӯ пурсидам, ки чӣ орзу дорӣ? Гуфт мехоҳам, "балерина" шавам! Намедонам аз куҷо ин пешаро интихоб кардааст", — мегӯяд бо лабханд падари Ясмина.

© Фото : Аз бойгонии Ясмина ОшурмамадЯсмина бо модару падараш
Ясмина бо модару падараш - Sputnik Тоҷикистон
Ясмина бо модару падараш

Ясмина пештар дар якчанд озмун ширкат карда ва дастовардҳое дар ин онҳо доштааст.

Хонаводаи Ошурмамад ҳамакнун дар Амрико зиндагӣ ба сар мебарад.

Лентаи хабарҳо
0