ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Раисҷумҳур фаъолияти омӯзгорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро қаноатбахш арзёбӣ кард ва гуфт, ин ноҳия бо донишмандонаш номдор шудаву коришиносонаш дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар саҳми арзанда доранд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронӣ гуфт, дар соли 2016 бахши маорифи вилояти Суғд 666 милюн сомонӣ сармоя дарёфт кардааст. Вай аз дастовардҳои ин бахш низ ёд кард: "Соли 2016 дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ 71 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба дарёфти ҷойҳои фахрӣ мушарраф гардида, 43 нафар хонандагон дар олимпиадаву озмунҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд".
Афзун бар мактабҳо, дар ин вилоят беш аз ҳазор коргоҳи омӯзиши сӯзанидӯзиву қолибофӣ, атласу адрасбофӣ ва 655 омӯзишкадаи рӯзгордорӣ фаъолият мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз мушкилоту камбудҳо дар ин замина низ ёд карду гуфт, ки онҳоро бояд сари вақт ҳаллу фасл кард. Яке аз он мушкилот масъалаи таъмини мактабҳо аз китобҳои дарсӣ аст ки ҳануз ҳам пурра ҳаллу фасл нашудааст. Яке дигар аз мушкилот, камбуди мактабҳост. Чунончи, раисҷумҳур ёдоварӣ кард, ки танҳо дар деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки яке аз калонтарин рустоҳои вилоят аст, "барои 5 ҳазор хонанда ҷои нишаст намерасад". Аз ин рӯ, давлат тасмим дорад бо ҷалби сармояи хориҷӣ мактабе бо гунҷоиши ҳазор донишомӯз бисозад.
Раисҷумҳур вазорати маорифу илм, роҳбарони вилоят ва дигар сохторҳои давлатиро муваззаф кард, ки барои сохтусози муассисаҳои нави омӯзишӣ чораҷӯӣ кунанд.