Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мактаби нав ба баҳрабардорӣ расид

© дафтари матбуоти расиҷумҳури ТоҷикистонИфтитоҳи сохтмони нави мактаби рақами 14 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ифтитоҳи сохтмони нави мактаби рақами 14 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сохтмони ин мактаб сеошёна аст ва дар он беш аз ҳазор донишомӯз таҳсил хоҳанд кард.
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сафари корӣ ба вилояти Суғд, дар деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дарвозаҳои сохтмони нави мактаби шумораи 14-ро ба рӯи донишомӯзон боз кард.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳур, ин сохтмон, ки дар кӯтоҳтарин муддат — 9 моҳ — сохта шуда, сеошёна аст ва дар он беш аз ҳазор донишомӯз таҳсил хоҳанд кард. Ин сохтмон ҳамчунин синфхонаҳое барои дарсҳои астрономия, физика, химия ва информатика дорад, ки бо донишафзорҳои навин таҷҳиз шудаанд.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд имрӯз шуруъ шуд.

Раисҷумҳур дар ин сафари корӣ афзун бар ширкат дар барномаҳои ҷашни Наврӯз, ҳамчунин бо рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва кишоварзӣ ошно хоҳад шуд. Вай ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи бархе аз сохтмонҳо ва оғози сохтусози бархе дигар ширкат карда ва бо сокинону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидору гуфтугӯ хоҳад дошт.
© Дафтари матбуоти раичсҷумҳури кишварМактаби рақами 14-и деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Мактаби рақами 14-и деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Sputnik Тоҷикистон
Мактаби рақами 14-и деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Лентаи хабарҳо
0