ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳур, Ҳасан Руҳонӣ дар ин паём фаро расидани Наврӯзро ба раисҷумҳур, давлат ва мардуми Тоҷикистон самимона табрик гуфтааст.
Дар ин паём омадааст:
"Наврӯз зеботарин ҷашни табиат аст, ки бо гузар аз зимистон ба баҳор, умеду сарсабзиро ба армуғон меоварад. Ин ҷашн намоди эътидол, оромиш, гармӣ, рӯшноӣ, фаровонӣ ва тароват аст, ки Худованди бузург ба инсон арзонӣ медорад. Эътидоле, ки реша дар таҳавулоти табиат ва боварҳои дин ва аҳкоми исломи раҳмонӣ дорад.
Сулҳу иттиҳод дар минтақаи бостонии Наврӯз бар пояи хостаҳои миллатҳои муътадили ин минтақа аст. Ҷаҳони имрӯз беш аз ҳар замони дигар ба умеде ниёз дорад, ки дар партави он муҳаббат, ишқу самимиятро арҷ ниҳода ва кишварҳоро ба ҷои муқобила ба дӯстӣ даъват намояд; чаро ки миллатҳо бо доштани умед ва сулҳу оромиш метавонанд дар партави итгиҳоду дӯстӣ бо якдигар, бо чеҳраи зишт ва нописанди баромада аз каҷфаҳмӣ аз дину ифротгароии қабилаӣ, қи ҳосили он терроризм аст, муқобила намоянд.
Аз Худованди мутаъол соле саршор аз шодкомӣ, саломатӣ ва муваффақият барои он Ҷаноб ва мардуми дӯсту бародари Точикистон орзу мекунам".
Ҳамчунин раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳам дар паёме ба раисҷумҳур Раҳмон Наврӯзро ба давлту миллати Тоҷикистон табрик гуфт.
Раисҷумҳури Тоҷикистон низ дар паёмҳое ҷудогона фаро расидани Наврӯзро ба руасои ҷумҳуриҳои Эрон ва Афғонистон табрик гуфта буд.