Сафири Русия Наврӯзро бо донишҷӯёни тоҷик ҷашн гирифт

© Фото : Посольство России в ТаджикистанеСафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов и раиси Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Нуралӣ Солеҳов
Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов и раиси Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Нуралӣ Солеҳов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи сиёсии Русия дар Тоҷикистон Наврӯзро ба ҷавонони донишҷӯ табрик гуфт ва аз хӯрокҳои омодакардаашон чашид

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми сафорати Русия дар Тоҷикистон, Игор Лякин-Фролов имрӯз дар барномаҳои ҷашнии Наврӯз ширкат кард.

Вай аз Донишгоҳи славии Русияву Тоҷикистон (РТСУ) боздид намуд ва дар ҷашни донишҷӯёни шуъбаи Донишгоҳи давлатии Маскав (МГУ) ва шуъбаи Донишгоҳи санъатии пӯлоду олёж (МИСиС) дар шаҳри Душанбе ширкат кард.

Донишҷӯёни ин донишгоҳҳо барои меҳмонон дасторхони наврӯзӣ ороста ва барномаи фарҳангии худро пешкаш карданд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон дар ин дидору мулоқотҳо Наврӯзро дӯстдоштатарин ва ва муҳимтарин ҷашн барои тоҷикон хонд ва гуфт, Наврӯз инсонро панд медиҳад ки дар ҳар вазъу ҳоле умедвор бошад.

1/4
Таҷлили Наврӯз дар Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия
Лентаи хабарҳо
0