Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Наврӯз ба Турсунзода рафт

© Фото : Аз дафтари матбуоти раисҷумҳурЭмомалиро Раҳмонро дар шаҳри Турсунзода пешвоз гирифтанд
Эмомалиро Раҳмонро дар шаҳри Турсунзода пешвоз гирифтанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бомдоди имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар барномаҳои ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ба шаҳри Турсунзода рафт

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputniк. Имсол барномаҳои аслии ҷашни Наврӯз дар маркази шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд. Аз ин рӯ, кӯю хиёбонҳои шаҳр симои идона ба худ гирифтаанд.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро дар даромадгоҳи шаҳр сокинону фаъолон бо эҳтирому самимияти хосс ба таври бошукуҳ пешвоз гирифтанд.

Аҳли ҳунар ва донишомӯзон ба хотири пазироии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барномаи зебову рангинро пешкаш намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон пеш аз оғози барномаҳои фарҳангӣ дар шаҳри Турсунзода бархе аз сохтмонҳои навсозро ифтитоҳ кард.

Лентаи хабарҳо
0