Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз ойини меҳру фарҳанг барои ҷаҳониён аст

© Фото : Аз дафтари матбуоти президенти ҶТМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кишвардори Тоҷикистон гуфт, имрӯз мардумони ҷаҳон беш аз ҳар вақти дигар ба дӯстиву ҳамкорӣ ва хиради созанда ниёз доранд ва Наврӯз ҳоло низ метавонад ҳамчун ойини меҳру фарҳанг дар самти ҳамгироии мардуми олам нақши муассир бозида, инсониятро ба сӯйи хушбахтӣ ва саодати воқеӣ раҳнамоӣ созад

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҷашни Наврӯз дар шаҳри Турсунзода "мардуми шарифу фарҳангии Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, халқҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, хурду бузурги мардуми заҳматкашу сарбаланди шаҳри Турсунзода" ва меҳмонони ин ҷашнро ба муносибати фаро расидани "Наврӯзи фархундаву оламафрӯз — ҷашни бедории табиат ва инсон" самимона табрик гуфт.

Дафтари матбуъотии раисҷумҳур матни суханронии ӯро мунташир карда ки дар он гуфта мешавад: "Наврӯз дар Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ эҳё гардид, шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт".

Раисҷумҳур таъкид кард, ки ҷашни Наврӯз торихи бисёр дерина дошта, ойини бедориву хушҳолӣ барои башар аст.

Ӯ гуфт: "Имрӯз мардумони ҷаҳон беш аз ҳар вақти дигар ба дӯстиву ҳамкорӣ ва хиради созанда ниёз доранд ва Наврӯз ҳоло низ метавонад ҳамчун ойини меҳру фарҳанг дар самти ҳамгироии  мардуми олам нақши муассир бозида, инсониятро ба сӯйи хушбахтӣ ва саодати воқеӣ раҳнамоӣ созад".

Ба гуфти Эмомалӣ раҳмон, фарҳанги ориёӣ дар тимсоли Наврӯз ба ҷаҳониён ҷашнеро бахшидааст, ки бар пояи меҳру садоқат, хираду заковат ва адлу адолат бунёд гардида, ақлу мантиқро бар ҷаҳлу зулмат пирӯз гардонидааст.

 

Вай ёдоварӣ кард, ки дар бораи торихи пайдоиш, шукӯҳу шаҳомат ва ҳикмату фалсафаи ин ойини нек дар осори гаронбаҳои гузаштагони мо, аз "Авасто" сар карда то «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва дигар сарчашмаҳои торихӣ маълумоти фаровоне зикр гардида, дар онҳо мақому манзалат ва бузургии ин ойини ростин тавсиф шудааст.

© Фото : Аз дафтари матбуоти раисҷумҳурЭмомалиро Раҳмонро дар шаҳри Турсунзода пешвоз гирифтанд
Эмомалиро Раҳмонро дар шаҳри Турсунзода пешвоз гирифтанд - Sputnik Тоҷикистон
1/3
Эмомалиро Раҳмонро дар шаҳри Турсунзода пешвоз гирифтанд
© Фото : Сайт президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон на праздновании Навруза
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на праздновании Навруза - Sputnik Тоҷикистон
2/3
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на праздновании Навруза
© Фото : Аз дафтари матбуоти прездиенти ҶТЭмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
3/3
Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода. Акс аз бойгонӣ
1/3
Эмомалиро Раҳмонро дар шаҳри Турсунзода пешвоз гирифтанд
2/3
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на праздновании Навруза
3/3
Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода. Акс аз бойгонӣ

Раҳбари Тоҷикистон афзуд, ки бо таваҷҷуҳ ба ҳамин аҳаммияти инсонгароёна ва башарии Наврӯз чанд сол пеш ин ҷашни бостонӣ бо ибтикори Тоҷикистон  ва дастгирии даҳҳо кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз бо Қатъномаи Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ гирифт.

"Мо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистони мо ватани Наврӯз аст ва дар сарзамини мо тантанаҳои наврӯзӣ ҳамчун оғози корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама, ба кишоварзон нерӯи тоза мебахшанд", — афзуд ӯ.

Дар поён вай бори дигар фаро расидани Наврӯзро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, тамоми тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва ҳамаи халқу миллатҳои олам, ки ин ҷашни зеборо таҷлил мекунанд, самимона табрику шодбош гуфт.

Пас аз суханронии раисҷумҳур, барномаҳои ҳунариву фарҳангии наврӯзӣ баргузор шуд ки дар он ҳунармандони номдори Тоҷикистон ва шаҳри Турсунзода ширкат карданд.

Лентаи хабарҳо
0