Имсол барномаҳои аслии ҷашни Наврӯз дар маркази шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд. Аз ин рӯ, кӯю хиёбонҳои шаҳр симои идона ба худ гирифтаанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз овозхонии Муҳаммадрофеъ Кароматулло дар ин барнома бисёр хушҳол шуд ва рақсидан гирифт. Тамошобинон бо кафкӯбӣ рақси раисҷумҳурро тамошо ва дастгирӣ намуданд.