Дар Масҷиди ҷомеъи Маскав ҷашнвораи Қуръон баргузор мешавад

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкМасҷиди ҷомеъи Маскав. Акс аз бойгонӣ
Масҷиди ҷомеъи Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дувумин ҷашнвораи "Қуръони карим" 26 март дар Масҷиди ҷомеъи Маскав баргузор хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Чуноне ки равобити умумии Идораи мусулмонони Маскав иттилоъ дода, дувумин ҷашнвораи Қуръони карим 26 март дар Маҷиди ҷомеъаи Маскав оғоз ба кор хоҳад кард.

Ин ҷашвораро Идораи мусулмонони Русия, Шурои муфтиёни Русия ва Идораи мусулмонони Маскав бо пуштибонии бунёди хайрияи "Закот" баргузор мекунанд. Ҳадаф аз баргузории ин ҷашнвораи якрӯза густариши гуфтугӯ миёни миллатҳову мазҳабҳо ва намоиши ойинҳову фарҳанги исломӣ ва рӯшангарӣ дар ин замина гуфта шудааст.

Меҳмонон дар бахшҳое аз ин ҷашнвора бо омӯзаҳои "Қуръони карим", зиндагиномаи мусулмонони маъруфи ҷаҳон, торихи густариши ислом дар Русия ва диданиҳои Масҷиди ҷомеъ ошно хоҳанд шуд.

Дар чорчӯби ин ҷашнвора мусобиқаи қориёни "Қуръони маҷид" низ баргузор хоҳад шуд ки дар он қориёни хурдсолу навҷавон (аз 3 то 14-сола) дар ҳифзу тиловат ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Барои бузургсолон мусобиқаи азон дар назар гирифта шудааст. 

Дар ин рӯз ҳамчунин торе аз мӯи мубораки ҳазрати Паёмбар (с), ки яке аз муҳимтарин муқаддасоти мусулмонон аст, дубора намоиш дода хоҳад шуд.

Дар бахше дигар аз ҷашнвора, дар маҳдудае ба паҳнои 3 ҳазор метри мураббаъ дар Масҷиди ҷомеъ намоишгоҳи қуръонии хаттотӣ ва хушнависӣ ва бозори хайрия баргузор мешавад.

Дар чорчӯби ин ҷашнвора ҳамчунин ҳамоиши "Намоз дар як соат", озмуни усули ислом, коргоҳҳои омӯзишӣ барои бузургсолон ва кӯдакон баргузор мешавад. Дар толори ҳамоишҳои масҷид барои накӯдошти ҳазрати Муҳаммад (с) намоиши "Гуфтугӯ бо руҳ" иҷро хоҳад шуд, ки нақши аслиро дар он ҳунарпешаи маъруфти тотор Марат Башаров иҷро мекунад.

Баргузоркунандагони ин ҷашнвора аз сиёсатмадорону фаъолони диниву иҷтимоъӣ, фарҳангиёну ҳунармандони маъруф, меҳмонони хориҷӣ, шоирону нависандагон ва сокинону меҳмонони пойтахти Русия даъват кардаанд то дар он ширкат кунанд.

Аз нахустин ҷашнвораи Қуръони карим ки порсол баргузор шуда буд, камобеш 5 ҳазор кас боздид карда буд.

Лентаи хабарҳо
0