ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Имрӯзҳо Наврӯз дар пойтахти Русия низ ҳамзамон бо фаро расидани баҳор бо шукӯҳе вижа ҷашн гирифта мешавад. Аммо роиҷ шудани Наврӯз дар Маскав торихчае дорад ва дар ин бора мо бо Абдулло Давлатов гуфтугӯ кардем. Ӯ аз касонест ки Наврӯзро дар Русия роиҷ кардаанд.
Абдулло Давлатов мегӯяд: "Ман дар солҳои 1990, пеш аз фурӯ пошидани Иттиҳоди Шуравӣ, дар яке аз донишгоҳҳои Маскав таҳсил мекардам. Ҳамон замон буд ки мо донишҷӯён барои нахустин бор Наврӯзро дар рестурони "Арбат" ҷашн гирифтем".
Вале дертар аз Наврӯз дар Маскав чанд соле фаромӯш карданд.
Ба гуфти дуктур Давлатов, соли 2007 созмонҳои тоҷикӣ дар Маскав барои нахустин бор ҷашни бузурги Наврӯзро барои умум ташкил карданд. Аз он пас сароеро дар Маркази намоишгоҳҳои Русия (ВДНХ) иҷора гирифта, ҷашни Наврӯзро баргузор мекарданд. "Хуб дар ёд дорам, он сол камобеш 2,500 кас аз он барномаи наврӯзиямон боздид карда буд", — афзуд Абдулло Давлатов.
"Сипас дар соли 2010 Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия аз намояндагони дигар кишварҳо — эрониҳо, узбакҳо, озарбойҷониҳо, қирғизҳоро низ даъват кард дар ҷашни Наврӯз ширкат кунанд. Аз ҳамон сол ин ҷашн дар Маскав дубора роиҷ гардид", — таъкид кард вай.
"Ман метавонам бо ифтихор бигӯям, ки барои аввалин бор Наврӯзи ҷаҳониро дар Маскав мо ҷашн гирфтаем. Наврӯзро дар Русия тоҷикон роиҷ карданд", — афзуд Абдулло Давлатов, раҳбари созмони "Самандар" дар Маскав.
Ба гуфтаи вай, баргузории Наврӯз дар Маскав пеш аз ҳама аз нигоҳи молӣ осон набуд. "Аммо бисёре аз муҳоҷирон бо мо ҳамроҳ шудаанд ва маблағи лозимро ҷамъ карданд. Ҳатто тавонистем барои меҳмонон дасторхони наврӯзӣ биёроем", — гуфт вай.
"Хушбахтона, дар Маскав касе монеъамон нашуд. Дуруст аст, ки мо ҳам даву тоз доштем, вале ин дигар кори рӯзонаамон буд. Вақте ки кор шавқовар ва дӯстдоштанист, барои кас мушкиле намеорад", — тавзеҳ дод Давлатов ва афзуд, ки Наврӯз тоҷикистониёнро аз дидгоҳе дигар муаррифӣ намуд.
Имсол дар Маскав аз 15 то 18 март дар "Арбати Кӯҳна" ҷашни Наврӯз таҷлил шуд. Дар чорчӯби таҷлили Наврӯз дар Маскав намоиши филмҳо, вохӯрӣ бо шоирону нависандагон, намоиши пӯшокҳои миллӣ ва албатта консерту намоиши ғизои миллӣ баргузор гардид.
"Наврӯз нахустин бор дар "Арбати Кӯҳна" дар Максав таҷлил мешавад. Имсол баргузоркунандагони ин ҷашни бузург, "Кристалл-Экспо" ва сафорати
Тоҷикистон дар Русия бо ширкати созмони ҷамъиятии "Нур" мебошанд".
Наврӯз — ҷашни баробар шудани рӯзу шаб ва оғози соли нав дар миёни мардумони эронитабор аст, ки онро бархе аз турктаборон, аз он ҷумла дар Русия, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Хурд низ ҷашн мегиранд.