Наврӯзи имсол дар Маркази исмоилиёни шаҳри Душанбе бо шаҳомати хосса ва ширкати хурду бузурги ҷомеаи Тоҷикистон баргузор шуд.
Намоишгоҳи ҷашниро хӯрокҳои миллӣ, ҷӯробҳои дастбофти помирӣ, тоқиҳои сурх ва дигар намодҳои Соли нави миллӣ оро медод. Дар гӯшаҳои гуногун бозиҳо ва мусобиқаҳои наврӯзӣ баргузор мешуд.
Барои ҳаводорони созу наво бархе аз ҳунармандони номдори Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳақназар Ҳаловатов ва Соҳиба Давлатшоева, ҳунарнамоӣ карданд.

1/9
© Фото : Sputnik
Духтари тоҷик тоббозӣ дорад.

2/9
© Фото : Sputnik
Бештари мардум бо фарзандони худ ба гардиши идона омада буданд.

3/9
© Фото : Sputnik
Ҷӯробҳои помирӣ дар намоишгоҳи Наврӯз-2017

4/9
© Фото : Sputnik
Ош - яке аз хӯрокҳои наврӯзии мардуми Бадахшон

5/9
© Фото : Sputnik
Наврӯз-2017: хурдтарин намояндагони Тоҷикистон низ дар ҷашни Наврӯз ширкат доштанд

6/9
© Фото : Sputnik
Куштӣ - муҳимтарин барномаи варзишии ҷашни Наврӯз

7/9
© Фото : Sputnik
Духтарак ва писарак саргарми суҳбати наврӯзианд.

8/9
© Фото : Sputnik
Духтарон саргарми бозии тенис ҳастанд.

9/9
© Фото : Sputnik
Бандкашӣ яке аз бозиҳои маъмулии тоҷикон дар остонаи Наврӯз аст