ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Дирӯз дар рестурони "Садбарг" дар Маскав бо ширкати ҳунармандон аз чанд кишвар барномаи наврӯзии "Атри Наврӯз" баргузор шуд.
Ин барномаро раҳбари гурӯҳи рақсии "Гулчин" Фарҳод Ҷонмаҳмадзода ташкил кард. Вай дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik гуфт, ҳадаф аз баргузории ин барнома ҳамроҳ бо намояндагони дигар миллатҳо яке ҷашн гирифтан аз соли нави миллӣ ва дигар ошно кардани дигарон бо фарҳангу ойинҳои тоҷикон аст.
"Ман кӯшиш кардам, ки дар базми имрӯза натанҳо ҳунармандони тоҷик, балки намояндагони дидгар миллатҳо низ ҳунарнамоӣ кунанд, то ҳамватанони мо аз фарҳанги мусиқиву рақсии онҳо низ огаҳӣ дошта бошанд".
Толори базмгоҳ бо разми ҷашни Наврӯзӣ-сабзаи суманак оро дода шуда буд.
Дар ин базм Аскарали Гулов, Ардамеҳр Алишод, гурӯҳи ширинкорон, дастаҳои ҳунарии "Хурсандӣ" ва "Гулчин", Рустам Галимов ва дигарон ҳунарнамоӣ карданд.
Бештари тамошобинон бо аҳли хонавода ва дӯстону пайвандон ба базми Наврӯзӣ омада буданд. Духтарони зиёде бо куртаи атлас ва тоқии наврӯзӣ ба чашм мерасид.
Салима, ки ҳамроҳи духтараш ба базми Наврӯзӣ омада буд, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки махсусан либоси миллӣ ба бар кардааст, то фарзандонаш аз фарҳангу ойинҳои миллӣ огаҳ шаванд.
"Гарчанде мо аз Тоҷикистон дурем, вале кӯшиш мекунем, ки ҳамаи ҷашнҳои миллииро баргузор кунем ва ба фарзандони худ фарҳанги худро нишон диҳем то худро беҳтар бишносанд".
Рақсҳои миллӣ ва ҳунарнамоии гурӯҳи "Гулчин" базми наврӯзиро ҷаззобтар кард.
Рустам, ки чор сол боз дар Маскав кору зиндагӣ мекунад, мегӯяд, ки пас аз дидани рақсҳои тоҷикӣ Тоҷикистонро бештар пазмон шуд.
"Ин чаҳорумин Наврӯзи ман дур аз Ватан аст. Вале акнун тасмии гирифтам, ки имсол ҳатман ба Тоҷикистон меравам".
Дар баробари рақсҳои миллӣ ба тамошобинон рақси ҳиндӣ ва шарқӣ низ пешкаш шуд.
Гарчанде базми Наврӯзӣ ба поён расида буд, вале мардум намехост толори рестуронро тарк кунад. То поси шаб муҳоҷирони тоҷик ҷашни Наврӯзро ба якдигар табрик мегуфтанду ба ҳамдигар хушиву хушбахтиву пирӯзӣ таманно мекарданд.
Фарҳод — мубтакири ин базми Наврӯзӣ ки ҳамакнун донишҷӯи соли аввали магистратура дар Донишгоҳи заминшиносии Маскав аст, тасмим дорад дигар ҷашнҳои тоҷиконро низ дар Максав бо ширкати ҳунармандони номдори тоҷик баргузор кунад.