ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Бино ба иттилои Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ бар пояи қарори Ҳукумати ҶТ Камолова Маҳбуба Расуловна сармуҳаррири рӯзномаи "Народная газета" таъин гардид.
Бо қарори дигари ҳукумат Муминов Ҳикмат Ҳалимович аз вазифаи Директори Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.
Манбаъ меафзояд, ки Муминов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа сабукдӯш гардид.
Ҳамчунин Замонзода Мадамон Амирхон Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл раисҷумҳури Тоҷикистон бархе аз роҳбарони ниҳодҳои низомӣ, омӯзишӣ ва фарҳангиро ҷо ба ҷо кард.