ДУШАНБЕ, 18 мар — Спутник.Мувофиқи ҳуҷҷат, ҳамасола 7-уми март рӯзи коргарони нақлиёт ва алоқа ҷашн гирифта мешавад. Хабар дода мешавад, ки вазорони идораҳои дахлдор вазифадор карда шудаанд, ки иди коргарони нақлиёт ва алоқа дар сатҳи баланд пешвоз гирифта шавад.
Чуноне ки дар хабари расонаҳо қайд мегардад, рӯзи ҷашни иди мазкур беҳуда интихоб карда нашудааст. Зеро санаи 7-уми март дар Туркманистон пули пайвасткунандаи байни кишвар ва Осиёи Миёна ба воситаи рӯди Ому ифтитоҳ ёфт. Ҳукумат гуфт, ин иншоот барои рушди соҳаҳои гуногуни кишвар нақши муҳим мебозад.
Ёдовар мешавем, ки то ини ҳаракатҳои роҳи оҳан ба воситаи дарёи Ому ба воситаи пуле ба роҳ мондла шуда буд, ки он соли 1901 сохта ба истифода дода шуда буд. Мусофиқи қарори кишвардори Туркманистон аз 8-уми феврали соли 2013 пули нав бунёд гардид.