ДУШАНБЕ, 18 мар — Спутник.Субҳи имрӯз дар бинои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ сӯхтор сар задаст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, имрӯз- 18-уми марти соли 2017, соати 07:27-дақиқа, ба Хадамоти оташнишонии ВКД дар бораи сӯхтани яке аз утоқҳои бинои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ хабар расидааст.
Сӯхтор дар бино аз утоқи қабули шаҳрвандон сар шудааст. Дафтари матбуот хабар медиҳад, ки утоқи мазкур дар шафати утоқи кории раиси Маҷлиси намояндагон ҷойгир шудааст.
ВКД ҶТ мегӯяд, саривақт барои хомӯш кардани сӯхтори сарзада, ду ҳисоботи автомашинаи сӯхторхомӯшкунӣ расида, сӯхторро дарҳол хомӯш карданд.
Манбаъ меафзояд, сабаби сар задани сӯхтор тибқи маълумотҳои пешакӣ гармшавии ноқилҳои компютерҳо мебошад.
Гурӯҳи корӣ санҷишро идома дода истодаанд.