Шаҳрдории Душанбе дар пойтахт мактабҳои нав месозад

© Flickr \ Сайт президента ТаджикистанаРустами Эмомалӣ, акс аз бойгонӣ
Рустами Эмомалӣ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарпарасти шаҳрдории Душанбе дар остонаи Наврӯз хишти аввали ду муассисаи омӯзишии навро гузошт

ДУШАНБЕ, 17 мар — Спутник. Бино ба иттилоъи равобити умумии шаҳрдории Душанбе, имрӯз дар ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсӣ маросими оғози сохтмони ду мактаб бо ширкати Рустам Эмомалӣ баргузор шуд.

Сохтмони мактабе, ки ноҳияи Шоҳмансур дар канори лисеи 55 сохта мешавад, аз чаҳор бинои чаҳорошёна иборат буда, дорои 80 синфхона аст ва дар он 1500 донишомӯз таҳсил хоҳанд кард. Ин мактаб ҳамчунин 4 устохона, 4 синфхонаи роёнадор, ошхонае бо 50 сандалӣ ва маҷлисгоҳе бо 250 сандалӣ, китобхона, утоқҳои пизишкӣ ва истироҳат хоҳад дошт.

Мактабе, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ сохта хоҳад шуд, барои таҳсили 2000 донишомӯз пешбинӣ шудааст. Ин мактаб 98 синфхона, 2 устохона, 4 синфхонаи роёнадор, коргоҳи нигоргарӣ ва пайкартарошӣ барои 12 шогирд, толорҳои варзишӣ барои писарону духтарон, маҷлисгоҳ бо 435 сандалӣ, китобхона, утоқҳои пизишкӣ, омӯзишӣ, истироҳатӣ, идорӣ хоҳад дошт.

Тарҳи ин сохтмонҳоро коршиносони Пашӯҳишгоҳи тарроҳии "САНИИОСП" омода карда ва сохтусозашонро шаҳрдории Душанбе сармоягузорӣ хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0