Паёмҳои наврӯзии сарони кишварҳои "Наврӯзистон"

Обуна шудан
Сарони кишварҳои густараи фарҳангии Наврӯз ё Наврӯзистон фаро расидани ин ҷашни бостониро ба якдигар табрик гуфтанд

ДУШАНБЕ, 17 мар — Спутник. Кишвардори Тоҷикистон дар паёмҳое ҷудогона фаро расидани Наврӯзро ба сарони кишварҳои густараи фарҳангии ин ҷашни бостонӣ табрик гуфт

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз фаро расидани Наврӯзро ба раисҷумҳури Ашраф Ғанӣ ва раиси иҷроияи ҳукумати ин кишвар Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раисҷумҳури Эрон Ҳасан Руҳонӣ, раисҷумҳури Покистон Мамнун Ҳусейн ва нахуствазири ин кишвар Навоз Шариф, раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Ӯрдуғон, раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев, раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳамедов табрик гуфт.

Ҳамзамон сарони бархе аз ин кишварҳо, аз ҷумла раисҷумҳурҳои Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Туркманистон, ҳамтои тоҷикистонии худро ба ин муносибат табрик гуфтаанд.  

Лентаи хабарҳо
0