Тоҷикистон ва Покистон ҳамкориҳо дар заминаи обу энержӣ ва дифоъро густариш медиҳанд

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири федеролии обу энержӣ ва дифоъи Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 17 мар — Спутник. Бино ба гузориши Хадамоти матбуоти раисҷумҳурӣ, дар мулоқоте, ки имрӯз дар Кохи миллат баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон ва Хоҷа Муҳаммад Осиф бар рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои энержӣ ва амният таъкид карданд.

Тарафайн ҳамкориҳои дифоъӣ ва низомиву амниятии ду кишвар дар мубориза бо теруризм ва ифротгароиро муҳим арзёбӣ карданд.

Дар ин мулоқот масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳимми минтақаӣ — энержӣ, нафту гоз, зерсохторҳои иқтисодӣ ва таробарӣ низ баррасӣ шуда ва бар густариши ҳакорӣ дар ин заминаҳо, аз ҷумла иҷрои тарҳи КАСА-1000, таъкид шуд.   

Пешниҳод шуд, ки барои афзудани ҳаҷми мубодилаи коло миёни кишварҳо, бо таваҷҷуҳ ба имконоти фаровон дар ин замина, аз тавонмандиҳои Комисюни ҳамкориҳои иқтисодиву бозаргонии ду кишвар бештар истифода шавад.

Лентаи хабарҳо
0