Наврӯз ва меҳрубонӣ: Муассисаҳои иҷтимоии Суғд Наврӯзро имрӯз ҷашн мегиранд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкҶашни Наврӯз дар Маскав
Ҷашни Наврӯз дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Устондории Суғд дар муассисаҳои иҷтимоъии вилоят ҷашни Наврӯзро баргузор мекунад

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ҳукумати вилояти Суғд дар чорчӯби барномаҳои наврӯзӣ дар ҳама муассисаҳои иҷтимоъии вилоят ҷашни Наврӯзро баргузор мекунад.

Бино ба иттилоъи равобити умумии устондорӣ, имрӯз дар бунгоҳҳои вижаи кӯдакону пиронсолону камтавонон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Панҷиканд ва ноҳияҳои Спитаман, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон ва Кӯҳистони Масчо барномаҳои наврӯзӣ баргузор хоҳанд шуд.

Дар ин барномаҳо масъулини устондорӣ, шаҳрдориҳо ва фармондориҳо ширкат хоҳанд кард. Сарпарастони муассисаҳо дасторхонҳои наврӯзӣ ороста ва барномаҳои фарҳангӣ намоиш хоҳанд дод.

Лентаи хабарҳо
0