Занони Кӯлобро адрасбофӣ ёд медиҳанд

Обуна шудан
Дар шаҳри Кӯлоб барои занону духтарон давраҳои коромӯзӣ баргузор мешаванд

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва гардишгарӣ, бонувони Кӯлоб дар ин давраҳои думоҳа адрасбофиро хоҳанд омӯхт.

Ин давраҳоро, ки шиъорашон "Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ" аст, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва гардишгарӣ роҳ андохтааст. Ҳамакнун дар ин давраҳои коромӯзӣ бист кадбону аз шаҳри Кӯлоб адрасбофиро ёд мегиранд.

Ҳадафи аслӣ аз роҳандозӣ ва баргузории ин давраҳо бозоварии ҳунарҳои мардумӣ ва корофаринӣ барои кадбонуҳои хонанишин гуфта шудааст.

Video Player is loading.
Вақти ҷорӣ 0:00
/
Duration 0:00
Боргузорӣ: 0%
Пешрафт: 0%
Навъи нашр Дар нашр
Вақти боқимонда -0:00
 
1x
Занони Кӯлобро адрасбофӣ ёд медиҳанд
1:40
Лентаи хабарҳо
0