ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз тарҳи қонуни дармону пизишкиро ки ҳукумат пешниҳод карда буд, тасвиб кард. Ин қонун барои нахустин бор дар торихи Тоҷикистон фаъолиятҳои дармониву пизишкиро танзим мекунад.
Вазири тандурустии Тоҷикистон Насим Олимзода дар ин бора гуфт: "Қонуне ки имрӯз тасвиб шуд, ҷойгузини 16 қонуне мешавад ки пеш аз ин соҳаи тандурустиву фаъолиятҳои пизишкиву дармониро танзим мекарданд. Ин қонун фаъолиятҳои пизишкии давлатӣ, хусусӣ ва мардумиро танзим хоҳад кард".
Бино бар яке аз меъёрҳои ин қонун, пизишкони ҷавоне, ки ҳануз таҷрибаи кофӣ надоранд, наметавонанд машғул ба фаъолияти пизишкиву дармонии хусусӣ шаванд.
Вазири тандурустӣ ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки ҳамакнун дар Тоҷикистон 601 бунгоҳи хусусӣ машғул ба хидматрасонии пизишкӣ аст.
Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров низ ёдоварӣ кард, ки ахиран Тоҷикистон дастгоҳу фанновариҳои гароннарху пешрафтаи пизишкӣ ворид карда, вале бархе аз онҳо бино бар надоштани коршиносон бекор хобидаанд.