ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки Рамазон Раҳимзода пас аз ифтитоҳи сохтмони нав бо муҳити кори кормандони пулис аз наздик ошно шуда ва аз кайфияти таъмиру имконоти сохтмон қаноатманд шуд.
Вай ҳамчунин фаро расидани ҷашни Наврӯзро ба кормандони пулиси шаҳри Исфара табрик гуфта ва дастур дод, ки дар остонаи ҷашн ва ҳангоми баргузории барномаҳои ҷашнӣ амнияти шаҳрвандон ва назму низомро дар ҷомеъа таъмин кунанд.