ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Сарконсулгарии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург аз имрӯз кори худро расман оғоз кард.
Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дар дидор бо шаҳрдори Петербург Георгий Полтавченко хабар дод.
Сафир дар ин дидор аз шаҳдори Петербург барои ёриву ҳамкорӣ сипосгузорӣ карду гуфт: "Мо вазифаамонро анҷом додем. Ин рухдод бароямон бисёр муҳим аст, зеро барои нахустин бор дар торих дар Петербург сарконсулгарӣ ифтитоҳ кардаем".
Дар ин дидор Имомуддин Сатторов сарконсули Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризодаро ба Георгий Полтавченко муаррифӣ кард.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин аз шаҳрдори Санкт-Петербург хост дар пайдо кардани сохтмони муносиб барои мустақар кардани сарконсулгарӣ мусоидат кунад. Феълан консулгарӣ муваққатан дар хиёбони Томбовский, 10 А ҷой дорад.
Полтавченко гуфт, ки ин мавзуъро ҳамакнун бо ВКХ Русия баррасӣ доранд ва ба зудӣ замин ё сохтмоне баро сарконсулгароии Тоҷикистон ҷудо хоҳанд кард.
Дар ин дидор ҳамчунин масоъили марбут ба воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Петербург ва ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи фарҳангу омӯзиш низ баррасӣ шуданд.
Шаҳрдори Санкт-Петербург гуфт, дар ин замина Рӯзҳои фарҳангии Душанбе дар ин шаҳр баргузор хоҳанд шуд.
Ҳамакнун тарафҳо пешнависи тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва шаҳрдории Санкт-Петербург дар солҳои 2017-2018 ҳамоҳанг мекунанд.