Бонки миллӣ рӯйхати сармоягузорони теруристонро мунташир кард

© SputnikБМТ, акс аз бойгонӣ
БМТ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон(БМТ) аз шаҳрвандон ва ташкилотҳои хусусӣ даъват овард, ки бо ташкилотҳои мамнӯъ ҳамкорӣ накунанд

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik.Бонки миллии Тоҷикистон(БМТ) рӯйхати сиёҳи сармоягузорон ва ташкилотҳои сармоягузори теруристонро нашр кард.

Рӯйхат зиёда аз 200 нафарро дарбар мегирад, ки дар содир намудани базаҳкориҳои вазнин гунаҳкор дониста мешаванд.

Гулмурод Ҳалимов собиқ сардори ОМОН-и Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Гулмурод Ҳалимов-собиқ фармондеҳи ОМОН расман дар пайгард эълон шуд

Ҳамин тавр дар рӯйхат- ҲНИТ, "Гурӯҳи 24", "Тоҷикистони озод", "Ихвонулмуслимин", "Ҷамоати Ансоруллоҳ", "Ҳаракати исломии Узбакистон", "Давлати исломӣ" ва ё"Алқоида", ки ҳар яки он дар Тоҷикистон мамнӯъ ба ҳисоб меравад, дохил мешаванд.

Ғайр аз ин дар рӯйхат номгӯи шаҳврандоне, ки дар даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ ва одамфурӯшӣ гумонбар дониста мешаванд, омадааст.

Мақсади нашр кардани ин рӯйхат пешгирӣ намудани гардиши пулӣ бо гунаҳкорони номбурда мебошад. Рӯйхати мазкур мувофиқи талаботи ташкилоти байналиллалӣ оид ба  гардиши маблағҳои ғайриқонунӣ- Financial Action Task Force  нашр карда шудааст.

 БМТ даъват намуд, ки институтҳои байналмиллалии молиявӣ мувофиқи рӯйхат ҳисобҳои ҲНИТ, "Гурӯҳи 24" ваа "Тоҷикистони озод"-ро банданд.

Лентаи хабарҳо
0