Узбакистон баҳрабардорӣ аз энержии баргаштпазирро густариш хоҳад дод

© Sputnik / Тарас Литвиненко / Гузариш ба медиабонкНерӯгоҳи хуршедӣ, акс аз бойгонӣ
Нерӯгоҳи хуршедӣ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Узбакистон дар назар дорад дар панҷ соли оянда панҷ нерӯгоҳи хуршедӣ бо зарфияти тавлиди 500 МВт барқ ва сездаҳ нерӯгоҳи хурд бунёд ва ҳашт нерӯгоҳи барқи обиро навсозӣ кунад

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Ҳукумати Узбакистон дар назар дорад, ки дар соли 2017 — 2021 якчанд тарҳи баҳрабардорӣ аз энержии баргаштпазир ба маблағи куллии 1,88 милёрд дулорро амалӣ кунад.

Хабаргузории "РИА Новости" дар гузорише мегӯяд, расонаҳои Узбакистон имрӯз пешнависи қарори раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев дар ин бораро барои баррасии умумӣ мунташир кардаанд.

Дар ин санад барномаи густариши баҳрабардорӣ аз энержии баргаштпазир дар Узбакистон дар панҷ соли оянда матраҳ шудааст.

Чунончи, дар назар аст ки 5 нерӯгоҳи хуршедӣ бо зарфияти тавлиди 500 МВт барқ бо ҳазинаи 1,1 милёрд дулор дар чанд минтақа сохта шавад. Ҳамчунин беҳинасозии 8 нерӯгоҳ ва сохтусози 13 нерӯгоҳи барқи обии хурд бо ҳазинаи 724 милюн дулор дар назар гирифта шудааст. Иҷрои ин тарҳҳо зарфияти тавлиди барқро дар ин кишвар 154 МВт бештар хоҳад кард.

Дар назар аст ки ин тарҳҳо бо сармояҳои худии ширкатҳо — 854 милюн дулор, эътиборҳои хориҷӣ — 804,6 милюн дулор, вомҳои Бунёди бозсозӣ ва тавсеъаи Узбакистон — 110 милюн дулор  ва эътибори бонкҳои узбакӣ — 113,4 милюн дулор сармоягузорӣ карда шаванд.

Пешбинӣ мешавад, ки то поёни соли 2030 талабот ба барқ дар Узбакистон 25,5 дарсад бештар аз соли 2013 хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0