“Ямал” то дарёфти муҷаввизи Душанбе ба Бишкек низ парвоз нахоҳад кард

Обуна шудан
Ширкати ҳавопаймоии "Ямал" парвозҳояшро аз фурудгоҳи Жуковский танҳо пас аз дарёфти муҷаввизи парвоз аз Тоҷикистон аз сар хоҳад гирифт

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Ямал" парвозҳои мусофирбарӣ аз фурудгоҳи Жуковский дар Маскав ба Қирғизистонро то дарёфти муҷаввизи парвоз ба Тоҷикистон аз сар нахоҳад гирифт.

Мудири бозаргонии ширкати "Ямал" Андрей Дубов ба хабаргузории "РИА Новости" гуфт, ин ширкат мунтазир аст то ниҳоди ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон хаттсайри парвозҳоро ҳамоҳанг кунад ва муҷаввизи парвоз бидиҳад.

Вай афзуд, "вале он ниҳод дар тасмимгирӣ шитоб надорад".

Чуноне ки пештар хабар дода шуда буд, ширкат дар назар дорад ки парвозҳояш ба Тоҷикистонро аз охирҳои моҳи март аз сар бигирад.

Лентаи хабарҳо
0