ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки муттаҳамро 9 март бо ҳамсари 59-солааш ҷанҷол шуда ки дар паи он ӯро лату кӯб кардаву гулӯяшро фишурдаву куштааст.
Бино бар иттилоъи равобити умумии Вазорати умури дохила, ин мард барои пинҳон кардани куштор, наздикону ҳамсояҳояшро гуфтааст, ки гӯё ҳамсараш бар асари фишори баланд дар гузаштааст. Вале бозҷӯии пизишкии қонунӣ дар ҷасади ин зан нишонаҳои марги иҷборӣ, шикастани устухонҳои паҳлӯ, фишурдани гулӯ, харошу хунрезиро ошкор кардааст.
Додситонии шаҳри Истаравшан барои бозҷӯии ин қатл парванда боз кардааст.