Алишер Ӯрунов муовини раиси Федеросюни футболи Тоҷикистон шуд

© Фото : Аз хадамоти матбуоти ФФТАлишер Ӯрунов, мудири кулли Лиги футболи Тоҷикистон
Алишер Ӯрунов, мудири кулли Лиги футболи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мудири кулли Лиги футболи Тоҷикистон Алишер Ӯрунов дар ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроии Федеросюни футболи Тоҷикистон муовини раиси ФФТ интихоб шуд

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Бино ба гузориши равобити умумии ФФТ, Алишер Урунов рӯзи душанбе, 13 март, дар ҷаласаи ин ниҳод ин симатро бар уҳда гирифт.

Вай дар ин ҷаласа аз раҳбарии Федеросюни футбол ва Кумитаи иҷроии он сипосгузорӣ карда ва гуфтааст, талош мекунад бовари онҳоро сазовор бошад.

Бо интихоби Алишер Ӯрунов раиси ФФТ Рустами Эмомалӣ дорои се муовин шуд. Чунончи, Хуршед Мирзоев муовини аввал ва Дилшод Ҷӯраев низ муовини раис ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0