Тоқӣ ба сарам, тоқии шоҳӣ ба сарам...

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонЗанони Тоҷикистон
Занони Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ахиран дар Тоҷикистон тоқӣ ба сар гузоштан дар миёни бонувон дубора мӯд шудааст. Дар дукону фурӯшгоҳҳо метавон барои ҳар як аз аъзои хонавода тоқӣ пайдо кард

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik.  Афзун бар шаҳрвандони Тоҷикистон, ҷаҳонгардон низ ин кулоҳҳоро чун ёдгор аз гардиш дар кишвар бо худ мебаранд.

Надежда Воситова, намояндаи Осорхонаи мардумшиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, мегӯяд имрӯзҳо дар дукону фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон метавон барои ҳар як аз аъзои хонавода тоқӣ пайдо кард.

"Тоқиҳо барои занону мардон, барои навхонадорон ва ҳатто барои кӯдакони навзод низ дӯхтаву фурӯхта мешаванд".

Ӯ бовар дорад, ки ҳар як тоқӣ гармии дастони дӯзандаро дар худ дорад ва шерозҳои онҳо бозгӯкунандаи торихи куҳансолу пурбори тоҷикон аст.

Занони тоҷик аз замонҳои пеш тоқиро чун намоди баҳору шукуфоӣ ба сар мекарданд.

Лентаи хабарҳо
0