ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Девони додгустарии Урупо ҳукм додааст ки корфармоён дар кишварҳои ҳамванди Иттиҳодияи Урупо ҳаққ доранд кормандонашонро аз "пӯшидани ҳаргуна намоди сиёсӣ, фалсафӣ ё динии ошкор", аз ҷумла ҳиҷоб, манъ кунанд.
Олитарин ниҳоди додгустарии Иттиҳодияи Урупо гуфтааст чунин манъе бояд бар пояи муқаррароти дохилии ширкатҳо ва дар сурате иҷро шавад, ки корфармоён риояти бандҳои "пӯшиши хунсо"-ро иҷборӣ карда бошанд. Манзур аз "пӯшиши хунсо" пӯшокест ки ҳам мардону ҳам занон битавонанд онро бипӯшанд.
Бар пояи ин ҳукм, корфармо наметавонад ба хости муштариҳо ҳар пӯшише, аз ҷумла ҳиҷобро манъ кунад, вале агар ширкат муқаррароти дохилии "пӯшиши хунсо" дошта бошад, манъи ҳиҷобро наметавон табъизомез донист.
Хабаргузории "Рейтер" гузориш медиҳад, ки ин нахустин боре аст ки Девони додгустарии Урупо дар бораи ҳиҷоб ҳукм медиҳад.
Девони додгустарии Урупо баррасии ин масъаларо пас аз он оғоз кард ки яке аз кормандони ширкати амниятии G4S дар Белжик барои ба сар кардани рӯсарӣ аз кор ронда шуд ва Додгоҳи олии Белжик расидагӣ ба ин парвандаро ба он вогузор кард.