ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Ягона набераи духтарии Юлдуз Усмоноваро падараш Саъдия номида аст. Нилуфар мегӯяд аз ин номгузорӣ огоҳ набуд.
Хабарнигори Sputnik Узбакистон мегӯяд, ки Юлдуз Усмонова духтарашро дар остонаи зоишгоҳ бо гулдастаҳо пешвоз гирифту набераи деринтизорашро бо хушбахтии тамом рӯи дастонаш гирифт.
Вай акси духтару набераҳояшро дар сафҳаи расмии худ дар Instagram гузоштаву навиштааст: "Модарбузурги хушбахт дар иҳотаи набераҳои хубрӯй".
Бояд гуфт, ки Саъдия номе арабӣ ва маънияш "хушбахт" аст. Ин номро домоди Юлдуз барои духтараш интихоб кардааст.
Нилуфар ки се писар низ дорад, ягона духтарашро 7 март, дар остонаи Рӯзи бонувон, ба дунё овардааст.
Ӯро дар зоишоҳ бархе аз ҳунармандони номдори Узбакистон, аз ҷумла овозхони ҷавон Шаҳзода ва ҳунарпешаи театру синамо Ҳалима низ пешвоз гирифтанд.