ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Раиси Бонки урупоии бозсозӣ ва тавсеъа Сума Чакрабарти фардо, 15 март бо ҳайъате аз коршиносони ин бонк ба Узбакистон меояд.
Интизор меравад, ки ин ҳайъат авзоъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо миёни бонк ва Узбакистонро баррасӣ хоҳад кард.
Ду моҳ ҳам ҳайъате аз коршиносони ин бонк ба раҳбарии мудири бахши Осиёи Марказӣ ва Русия Наталия Ханженкова дар сафаре ба Тошканд дурнамои ҳамкориҳо дар заминаи сармоягузориҳои дарозмуддатро баррасӣ карда буд. Дар паи ройзаниҳо бо давлати Узбакистон қарор шуд ки Бонки урупоӣ риштаҳои аслии иқтисоди кишварро арзёбӣ ва тарҳҳоеро дар онҳо сармоягузорӣ кунад.