ВКД Тоҷикистон таркиш дар Қӯрғонтеппаро "тероризм" шумурд

© Sputnik / Игорь ЛекаркинХудрави милиса, акс аз бойгонӣ
Худрави милиса, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии вилояти Хатлон барои бозҷӯии қазияи таркиш дар шаҳри Қӯрғонтеппа бар асоси моддаи 179 Қонуни кайфарии Тоҷикистон - "терроризм" - парванда боз кард

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Додситонии вилояти Хатлон далоили таркишеро, ки шаби 12 март дар рӯ ба рӯи Додситонии низомии шаҳри Қӯрғонтеппа рух дод, бар асоси моддаи 179 Қонуни кайфарии Тоҷикистон "терроризм" бозҷӯӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки Ҳасанбой Раҳмонов, нигаҳбони омӯзишгоҳи фаннии шаҳри Қӯрғонтеппа, якшанбе шаб, 12 март, дар натиҷаи таркидани афзори мунфаҷирае, ки дар дасташ буд, ба ҳалокат расид.

Бино бар иттилоъи ВКД ҶТ, Ҳасанбой Раҳмонов узбактабору 67-сола буд ва дар кӯчаи Айнӣ, 63 зиндагӣ мекард. Пештар гуфта мешуд, ки ин пирамард бо истифода аз маводи мунфаҷирае ки аз синфҳои физика ва химия бурдааст, афзори мунфаҷирае сохта ки ҳангоми бурдан дар дасташ таркида ва ӯро куштааст.

Лентаи хабарҳо
0