ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Ҳасанбой Раҳмонов, нигаҳбони омӯзишгоҳи фаннии шаҳри Қурғонтеппа, якшанбе шаб, 12 март, худро назди сохтмони Додситонии низомии вилояти Хатлон тарконидааст.
Ҳасанбой Раҳмонов 67-сола буд ва дар кӯчаи Айнӣ, 63 зиндагӣ мекард.
Неруҳои интизомӣ барои бозрасӣ ба ин қазия парванда ташкил дода ва далоили онро бозҷӯӣ доранд.
Хабаргузории РИА Новости аз қавли намояндаи ВКД Тоҷикистон менависад, ки ин пирамард бо истифода аз маводи мунфаҷирае ки аз синфҳои физика ва химия бурдааст, афзори мунфаҷирае сохта ки ҳангоми бурдан дар дасташ таркида ва ӯро куштааст.