Air India 34 кормандашро ба далели фарбеҳ будан аз ширкат дар парвоз бар канор кард

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкНамояндагони ширкати ҳавопаймоии Ҳиндустон
Намояндагони ширкати ҳавопаймоии Ҳиндустон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Идораи марказии ҳавонавардии шаҳрвандии Ҳиндустон болотарин нишондоди изофавазнро барои кормандони зан 22 килуграм ва барои кормандон мард 25 килуграм муқаррар карда аст

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Нашриёти Hindu, аз қавли вазири ҳавонавардии шаҳрвандӣ Ҷайант Синҳа менависад, ки ширкати давлатии ҳавопаймоии Air India 34 тан аз кормандонашро ба далели фарбеҳӣ аз ширкат дар парвозҳо бар канор кард.

Синҳа таъкид карда, ки Идораи марказии ҳавонавардии шаҳрвандии Ҳиндустон болотарин нишондоди изофавазнро барои кормандони зан 22 килуграм ва барои кормандон мард 25 килуграм муқаррар карда аст. Аз ин рӯ, ҳар корманде ки вазнаш бештар аз ин меъёр бошад, муваққатан аз ширкат дар парвоз бар канор мешавад. Бар пояи ин муқаррарот 34 кас аз кормандони Air India, аз он ҷумла 30 зан ва 4 мард, муваққатан аз ширкат дар парвоз бар канор шудаанд.

Ӯ ҳамчунин гуфта, ки ширкат барои кормандон имконоти лозимро фароҳам карда то вазнашонро кам кунанд ва иҷозаи ширкат дар парвозро дарёфт кунанд.

Ногуфта намонад, ки дар бархе аз ниҳодҳои Тоҷикистон низ муқаррароте барои кормандон таъйин кардаанд. Чунончи, вазорати корҳои дохилӣ аз кормандони худ талаб кардааст, ки аз вазни изофӣ халос шаванд, вагарна аз кор бар канор карда хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0