“Ёрии башардӯстонаи Ӯзбакистон ба Тоҷикистон далели муносибатҳои неки ҳамсоягист”

© SputnikЭмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба наздикӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи Тоҷикистон кӯмакҳои башарӣ, аз ҷумла маводи ғизоӣ, дорувору, маводи сохтмон, ангишт ва сару либоси гарм расид

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik.Кӯмаки башарӣ таҳти сарпарастии як ҳайат аз Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Убекистон бо сарварии ҷонишини аввали вазир, полковник Комилҷон Орипов ба Тоҷикистон равон карда шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти КҲФ ҶТ.

Ҳаҷми умумии кӯмаки башарӣ наздик ба 60 тоннаро ташкил дод.

Ҳайати Узбекистонро дар гузаргоҳи марзии "Дӯстӣ"  худи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Рустам Назарзода, ҷонишини директори Агнетии захираҳои модӣ Зиёдуллоев ва сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶӮ дар ҶТ Шоисломов истиқбол гирифтанд.

Сарвари Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда дар суханронии худ ба ҷониби Узбекситон барои пуштибонӣ аз аҳолии зарардидаи Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.

Вай ҳакориҳо миёни КҲФ Тоҷикистон ва ВҲФ Узбекистонро дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда баланд арзёбӣ кард.

Полковник Комилҷон Орипов, намояндаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Узбекистон зикр намуд, ки ёрии башарӣ ба Тоҷикистон ин як намунаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ миёни ду кишвар ва халқҳоест, ки бар пояи дӯстии анъанавӣ побарҷост.

  
Ба гуфтаи сафири Узбакистон дар Тоҷикистон, ҳамсоякишвар дар оянда низ талошҳояшро барои таҳким ва рушди равобит миёни ду кишвар идома хоҳад дод.

Лентаи хабарҳо
0