Чин зиёда аз 100 нақлиёти боркаши Қирғизистонро боздошт кард

© Sputnik / Виталий БелоусовБоркашҳо дар роҳ, акс аз бойгонӣ
Боркашҳо дар роҳ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи маълумоти Вазорати нақлиёти ва роҳи ҷумҳурии Қирғизистон ҳоло зиёда аз сад нақлиёти боркаши кишвар дар нуқтаҳои гумрукии Синсизяни ноҳияи автономии Уйғури ҶХЧ қарор доранд

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik.Ҳукумати Қирғизистон ҳоло вазъияти мазкурро санҷида истодаст, хабар медиҳад РИА Новости.

Мувофиқи маълумоти Вазорати нақлиёти ва роҳи ҷумҳурии Қирғизистон ҳоло зиёда аз сад нақлиёти боркаши Қирғизистон дар нуқтаҳои гумрукии Синсизяни ноҳияи автономии Уйғури ҶХЧ  қарор доранд. Сабаби боздошт кардани боркашҳои Қирғизистонро нуқтаи гумрукии Уйғур дар ядакҳо(присепҳо)-ҳои нақлиёти боркаш номидааст.

"Пештар Чин ба мо дар бараи манъ кардани боркашҳои ядакдори бо брезент (навъи матои ғафси обногузар) пушидашуда, хабардор накарда буд",- мегӯяд вазири нақлиёт ва роҳи ҶҚ Ҷамшедбек Қалилов.

Барои баррасии вазъияти ба амаломада муовини вазири нақлиёти Қирғизистон ба кишвари ҳамсоя сафар мекунад.

Қирғизистон бори аввал моҳи январи соли ҷорӣ ба воситаи  Бишкек-Қашқар-Урумчӣ борҳои худро интиқол намуд. Масофаи байни Бишкек то Урумчӣ 1,3 ҳазор км ташкил медиҳад. То ин боркашҳои қирғиз танҳо ба минтақаҳои сарҳадии Чин рафтуомад доштанд. Қирғизистон ва Чинро ду роҳи автомобилгард пайваст мекунад дар шимол ва ҷануб- ҳар ду дар минтақаи дастнораси кӯҳӣ ҷойгир шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0