Вале дар он миён худравҳое ҳам дида мешаванд, ки дар ояндаи наздик ба бозор хоҳанд расид.
Ёдовар мешаваем, ки намоишгоҳи худрави Женев яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои худрав дар ҷаҳон аст ки онро Созмони байнулмиллалии тавлидкунандагони васоили нақлияи мутурӣ ҳар сол дар моҳи март баргузор мекунад. Дар ин намоишгоҳ маъмулан намунаҳои беҳинасозишудаи худравҳои сохташаванда ва муделҳои ояндаро ба тамошо мегузоранд.
Дар намоишгоҳи имсол намунаҳои беҳинасозишудаи худравҳои Range Rover Velar, Mazda CX5, Porsche Panamera Turbo Sport Turismo ва Volvo XC60 намоиш дода шуданд.
Дар ҳошияи намоишгоҳи худрави Женева эълон шуд, ки гурӯҳи фаронсавии “PSA” ширкати худравсозии олмонии “Opel”-ро харидааст.
Дар чорчӯби ин намоишгоҳ Ҳамоиши миёнкишварии тарбарии пешрафта низ баргузор мешавад ки дар он дар бораи худравҳои оянда сухан гуфта мешавад.







