ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Расонаҳои урупоӣ мегӯянд ки азсаргирии фаъолияти Бонки урупоии рушду тавсеъа дар Узбакистон миёни нухбагони сиёсии ин кишвар ҷанҷол барангехааст.
Ин расонаҳо иддиъо доранд ки раиси Созмони амнияти миллии Узбакистон Рустам Иноятов ва муовини нахуствазири он кишвар Рустам Азимов бо сиёсати пешгирифтаи раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев мухолифат доранд.
Расонаҳо гумоназанӣ мекунанд ки гӯё ин афрод на танҳо бо азсаргирии фаъолияти бонки урупоӣ, балки бо дигар иқдомоти раисҷумҳур Мирзиёев, чунончи, лағви раводид барои шаҳрвандони бархе аз кишварҳо ва роҳандозии нархи шиновар барои пули Узбакистон, мухолифат доранд.
Хабаргузории “Reuters” бар ин гумон аст, ки раҳбарони созмонҳои амниятӣ ва қудратии Узбакистон бештар аз наздик шудани Тошканд бо Душанбе нигарон шудаанд. Бино бар бархе гумонҳо, яке аз натоиҷи ин мухолифати Рустам Иноятов бо сиёсати Шавкат Мизиёев лағви парвозҳо миёни Тошканд ва Душанбе аст.
Гуфта мешавад ки ин сиёсатмадорон ҳамчунон бар идомаи сиёсати раҳбари пешини Узбакистон Ислом Каримов пофишорӣ мекунанд, ки кишварро аз Русия, Амрико ва Чин яксон дур мегирифт.
Ёдовар мешавем, ки Шавкат Мирзиёев соли 2016 раҳбари Узбакистон шуд. Аз муҳимтарин барномаҳои кишвардории вай густариши гардишгарӣ, сохтусози манзил, тавсеъаи шабакаи метро ва наздик шудан бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд.
Кишвардори кунунии Узбакистон сиёсати беҳбуди равобит бо Тоҷикистонро пеш гирифта ва бо азсаргирии сохтусози нерӯгоҳи барқобии Роғун ва рафту омади ҳавоӣ ва заминӣ миёни ду кишвар мувофиқ аст.