ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Тарроҳони ширкати Nike мегӯянд, ки ҳамакнун ин пӯшоки варзиширо бо ҳамкории варзишкорони маъруфи мусулмон озмоиш доранд.
Nike set to launch ‘Pro Hijab’ https://t.co/KHGOqBV0xg Part of me says YAY, the other part says, a logo on my head? Plus, is it cute enough? pic.twitter.com/ctyUSrznYQ
— Malika Bilal (@mmbilal) 7 марта 2017 г.
Тавсияҳои ин варзишкорон дар омодасозии ҳиҷоби роҳату дорои кайфияти боло бисёр коромад будааст. Варзишгарон низ аз дер боз чунин ҳиҷоби варзишӣ мехостаанд.
Интизор меравад, ки ҳиҷоби варзишӣ дар авоили соли оянда ба бозор хоҳад расид.
Коршиносон мегӯянд, ки ширкати Nike ин ҳиҷобро аз матоъе омода кардааст, ки кайфияташ бисёр боло ва пӯшиданаш роҳат аст.