Эмомалӣ Раҳмон ва писаронаш Рӯзи модарро бо кошти дарахт ҷашн гирифтанд

© Фото : Сайт президент ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон ва писараш Сомон
Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Сомон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи модар бо писаронаш Рустам ва Сомон дар ҳашари дарахткорӣ ширкат кард

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳур, бештари ин ниҳолҳо аз дарахтҳои сояафкан буда ва аз Аврупо ба Тоҷикистон оварда шудаанд.

Дар ҳашари дарахткорӣ, ки дирӯз дар майдони Нишони давлатӣ, чорроҳи хиёбони Дӯстӣ ва Боғи устод Рӯдакӣ баргузор шуд, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва фарзандонаш беш аз 430 тана дарахти нодиру ҳамешасабз, аз ҷумла беш аз 70 ниҳоли шоҳбулут, 120 ниҳоли олуи канзанӣ, 95 ниҳоли магнолияи ҳамешасабз, 120 ниҳоли сарв ва вурс коштанд.

Чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон ва сарпарасти шаҳрдории Душанбе Рустам Эмомалӣ дар боғи "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат" дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон низ ниҳол кошта буданд.

© Фото : Аз хадамоти матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонШиркати раисҷумҳури Тоҷикистон бо писаронаш дар ҳашари умимишаҳрӣ
Рахмон с сыновьями посадили диковинные деревья в парке Государственного герба - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон бо писаронаш дар ҳашари умимишаҳрӣ
Лентаи хабарҳо
0