ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иқдоми ҳаросафкананонро шадидан маҳкум карда ва онро "амали ғайриинсонӣ" хонда аст.
Дар номаи таслият, ки дар вебгоҳи расмии Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунташир шудааст, аз ҷумла гуфта мешавад:
"Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрванди кишвари дӯсти Афғонистон бар асари ҳамлаи силоҳбадастон ба бемористони низомӣ дар шаҳри Кобул боиси андӯҳ ва нафрати беандозаи мо гардид.
Мо ин амали ғайриинсонии интиҳориёнро шадидан маҳкум карда, бори дигар зарурати муборизаи беамону муташаккилонаи дастаҷамъонаро алайҳи терроризм ва ифротгароӣ қотеона таъкид менамоем.
Ҳамдардиву таслияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил орзумандам".