ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Бино бар иттилоъи ин манбаъ, ин тасодуф 8-уми март дар қаламрави ноҳияи Данғара рух додааст.
Ронандаи худрави "ВАЗ-21099" — марди 27-солаи сокини Фархор фармони онро аз даст дода бо худрави "Опел-Астра" ки ронандааш марди 43-солаи сокини шаҳри Кӯлоб буда, тасодуф мекунад.
Дар натиҷа, ронандаи худрави “ВАЗ-21099” ва мусофиронаш — зани 49-солаи сокини шаҳри Душанбе, марди 55-сола ва зани 56-солаи сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ва ҳамчунин мусофирони худрави “Опел-Астра” — зани 56-сола ва писарбачаи 7-солаи сокинони ноҳияи Данғара сахт захмӣ шуда, ҷонашонро аз даст додаанд.
Ронандаи худрави “Опел-Астра” ва мусофири дигараш — марди 80-солаи сокини ноҳияи Муъминобод низ захмӣ шудаанд, вале ҷон ба саломат бурдаву дар беморхона бистарӣ шудаанд.