ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоҳисламов умедвор аст, ки парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд дар моҳи март аз сар гирифта мешаванд.
Сафири Узбакистон дар гуфтугӯ бо расонанигорон гуфт: "То ҷое ки ман медонам, ҳамакнун санаду мадракҳои ширкати "Сомон Эйр" баррасӣ мешаванд ва фикр мекунам, ки парвозҳо аз ҳамин моҳ аз сар гирифта хоҳанд шуд".
Пештар ширкати мусофирбарии ҳавоии "Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ" эълом карда буд, ки парвозҳо аз Тошканд ба Душанбе аз аввали моҳи апрел оғоз ёфта ва ҳафтае ду бор бо ҳавопаймои А-320 анҷом хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки Узбакистон ду парвоз аз Душанбе ба Тошкандро ки бояд рӯзҳои 20-ум ва 23-уми феврал анҷом меёфтанд, напазируфта буд. Ниҳодҳои масъули Узбакистон дар пайгирии ин қазия гуфта буданд ки ширкати мусофирбарии ҳавоии тоҷикӣ асноди ин парвозҳоро ба мавқеъ ба фурудгоҳи байнулмиллалии Тошканд пешниҳод накардааст. Дар вокуниш ба ин қазия ҳама масъулини "Сомон Эйр", аз ҷумла мудири бозаргонии ширкат Алишер Рустамов аз симаташон барканор карда шуданд.
Сафири Узбакистон тавзеҳ дод ки "ҳамоҳанг кардани парвозҳо бо хадамоти гумрук ва нерӯҳои марзбонӣ ниёз ба вақти зиёде дорад".
Вай ҳамчунин гуфт, ки намояндагии ширкати ҳавопаймонии Узбакистон як моҳ боз дар Душанбе фаъолият дорад ва дар Идораи молиёти кишвар чун молиётпардоз сабти ном шудааст.
Шоҳисломов таъкид кард, ки ширкати ҳавопаймоии тоҷикӣ низ бояд дар ниҳоди молиётии Узбакистон номнавис шавад.
Чуноне ки ӯ мегӯяд, нахустин парвози "Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ" ба Душанбе бояд 4-уми апрел анҷом шавад.
Ба назари вай, 145 дулор барои парвозе, ки 45 дақиқа замон мебарад, барои шаҳрвандон гарон аст. Сафир ин мавзуъро дар дидор бо намояндагони ширкатҳои ҳовоии Тоҷикистон ва Узбакистон матраҳ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки мусофирбарии ҳавоӣ миёни ду кишвари ҳамсоя бо оғоз шудани ҷанг дар Тоҷикистон дар соли 1992 қатъ карда шуд.