Раисҷумҳури Тоҷикистон: 22 дарсад аз коргузорони давлатиро занон ташкил медиҳанд

© Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишварИштироки занон дар маҷлиси идона дар "Кохи борбад"
Иштироки занон дар маҷлиси идона дар Кохи борбад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни "Рӯзи модар" оморе аз ҳузур ва фаъолияти занон дар заминаҳои гуногуни кишвардорӣ овард.

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни "Рӯзи модар" бо намояндагони бонувони кишвар дидор кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин дидор Рӯзи модарро ба бонувони кишвар табрик гуфт ва афзуд ки барои густариши нақшу фаъолияти занон дар ҷомеаи Тоҷикистон ду пешниҳод ба Маҷлиси Олӣ додааст: яке ин ки ҳама сохторҳои давлатӣ бояд барои занон саҳмия ва имтиёзҳо муқаррар кунанд ва дувум ин ки занону духтарон барои кор дар бунгоҳои бонкӣ, иртибототӣ ва корёбӣ ҷалб карда шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ оморе аз ҳузур ва фаъолияти занон дар заминаҳои гуногуни кишвардорӣ овард.

Бонувон ва умури кишвардорӣ

Чунончи, дар оғози соли 2017 аз шумораи куллии беш аз 19 ҳазор коргузорони давлатӣ камобеш 4200 нафар ё 22 дарсадро занон ташкил додаанд. 70 дарсад аз кормандони системи омӯзишу парвариш ва 60 дарсад аз кормандони системи тандурустиро низ бонувон ташкил медиҳанд.

Бино бар гуфтаҳои раисҷумҳур, шумораи бонувон дар ниҳодҳои додгоҳӣ, додрасӣ, додгустарӣ ва сохторҳои низомии кишвар сол аз сол афзоиш меёбад. Ҳамакнун дар ниҳодҳои додгоҳии кишвар 235 тан, Додситонии кулл 46 тан, Вазорати корҳои дохилӣ 1500 тан, Вазорати дифоъ 400 тан, Ожонси мубориза бо фасод 24 тан, Ожонси назорати маводи мухаддир 36 тан, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 178 тан, Хадамоти гумрук 107 тан ва Гвардияи миллӣ камобеш 300 тан бонувон машғул ба кор ҳастанд.

Бино бар омори расмӣ, аз 235 тан заноне ки дар ниҳодҳои додгоҳӣ фаъолият доранд, 122 нафарашон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар машғул ба кор ҳастанд.

Дар неруҳои интизомӣ 2755 нафар зан адои вазифа мекунанд, ки аксарашон афсарону раҳбарони баландпоя ҳастанд. Куллан дар мақомоти додгоҳӣ 90 нафар ва дар неруҳои интизомӣ 745 бонувон симатҳои раҳбарӣ доранд.

Беш аз 138 ҳазор бонувон дар риштаҳои гуногуни иқтисод фаъолият доранд, ки аз он ҷумла раҳбарии 20 ҳазору 500 ширкати кишоварзиро бонувон бар уҳда доранд.

Дастгирии занон ба воситаи грантҳо

Бино ба иттилоъи Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ростои мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкории занон Ҳукумати ҶТ Қарор "Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020" қабул кардааст.

То кунун камобеш 6000 нафар зан аз сохторҳои Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳаҷми 18 милюн сомонӣ грант дарёфт кардаанд.

Занон ва илму ҳунар

Яке дигар аз иқдомоти давлати Тоҷикистон ташкили бунгоҳҳои коромӯзӣ барои духтарону занони хонанишин дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар аст. Ҳамакнун дар чунин бунгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳо беш аз 21 ҳазор занону духтарон ҳунарҳои дастӣ ва хонадориро аз худ мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ёдоварӣ кард ки бисёре аз занону духтарон ҳануз ҳам соҳиби касбу кор ва шуғли муайян набуда, дастрасияшон ба захираҳои иҷтимоӣ, маънавӣ ва моддӣ кам аст ва давлат дар ин росто низ чорҷӯӣ дорад.

Аз он ҷумла, аз соли 1997 то кунун беш аз 11 500 нафар духтарон бо истифода аз саҳмияи раисҷумҳур донишҷӯи донишгоҳҳои шудаанд, ки аз онҳо 8 900 тан то имрӯз донишгоҳҳоро ба поён бурда ва дар риштаҳои гуногун машғул ба кор шуда ва камобеш 2700 тан таҳсилашонро идома медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0